Зан бояд ботинан ва зоҳиран зебо бошад. Бонувон дар ҳама синну сол кӯшиш кунанд, ки барои худ либоси мувофиқ ва шинамро интихоб кунанд. Sputnik Тоҷикистон бо пешниҳоди "Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги кишвар омода шудааст шинос шуда, мувофиқ ба он тасвирбаёни тарзи либоспӯшии бонувонро пешкаши хонандагон мекунад.
Волидайн ҳангоми интихоби сару либос барои духтарон ғайр аз либоси роҳат, ҳамчунин бояд ба зебогии он низ аҳамият диҳанд.
Муҳим он аст, ки кӯдак бояд зебову хоксор намояд.
Дар рӯзҳои ид ба ҷавондухтарон либосҳои миллӣ ба монанди атласу адрас зеб медиҳанд. Тоқӣ ё рӯймол, куртаву поҷома – ин беҳтарин намуди либосест, ки метавонад духтарро бо фарҳанги либоспӯшии минтақаи худ ошно созад.
Интихоби намудани либос метавонад меҳри духтарро ба либоси миллӣ зиёд кунаду, назокату хоксории ӯро нишон диҳад.
Барои гаштугузор дар боғҳо ва рафтан театру консерт дар фасли гармо беҳтар аст бо курта попӯш ё кафши рӯбози пошнамиёна пӯшид. Инчнин метавон бо ҷинс ё шалвор кафши варзишӣ пӯшид.
Бидуни шак метавон либосҳои кӯдаконаи навъи аврупоиро интихоб кард – ҷинсу камбинезон, футболкаи пахтагин ва ғайра
Ба ҷавондухтарони тоҷик либосҳои миллӣ - куртаву поҷома бо нақшу нигорҳои минтақаҳои гуногуни кишвар тавсия дода мешавад.
Пурра адрас
Пӯшидани слансӣ, иринка ва калӯш тавсия дода намешавад.
Ба кафш низ бояд аҳамият дод
7-17
7-
17
сола
Либосҳо бояд бо замони муосир мутобиқ бошанду нақшу нигори миллӣ дошта бошанд.
Гуногунии либосҳои аврупоӣ низ духтаронро дилгарм мекунад. Интихоби шиму кастюми дуруст метавонанд камбудиҳои баданро пинҳон кунаду зебогии духтарро нишон диҳад.
Барои гаштугузор метавон ҷинсу футболка ё курта пӯшид.
Бар сараш метавонад тоқӣ гузорад ё уребчаву рӯймол бандад.
Ҳангоми интихоби либоси миллӣ на танҳо ба порчаҳои нақшу нигори миллӣ дошта, балки бояд ба либосҳои якранг низ аҳамият дод.
Давраи беҳтарин!
Куртаро метавон бо поҷома ва ҳам бидуни он пӯшид (дар ин сурат курта бояд 15 см аз зону дарозтар бошад, вале болотар аз буҷулаки пой)
18-
30
Куртаҳои классикӣ ва ё доманҳо бо куртаю нимостин метавонанд занро зеботар нишон диҳанд.
Интихоби дурусти дарозии доман муҳим мебошад.
Набояд аз пушти мӯд давид ва либосҳои танги урён ва аз ҳад зиёд бараҳна харид. Доманҳои либоси занона набояд аз зону кӯтоҳ бошанд.
18-30
сола
Бар ивази футболка ва ҷемперҳо либосҳои зебандаи занона меоянд. Либосҳои рангоранги равшанро бояд интихоб карду, ба рангҳои сиёҳ кам аҳамият дод.
Бар сар доштани тоқӣ ё рӯймол тавсия дода мешавад (ғайр аз ранги сиёҳ). доштани ҳиҷоб ва шарфҳои шаффофи тугмадор ё муҳрадор тавсия дода намешавад.
Харидани либоҳои синтетикӣ, тангу урён ва аз ҳад зиёд бараҳна тавсия дода намешавад.
Сними хиджаб, надень пиджак
30-40
Дарозии курта ё доман бояд аз зону поён бошанд.
Бояд либосҳои мувофиқ интихоб кард. Хуб мешуд, ки миёни либосҳо чанд куртаи сафед, домани дароз ва доманҳои аз зону як каме дароз дошта бошед.
Дар рӯзҳои ид ва ҷашнвораҳои расмӣ интихоби либосҳои миллӣ тавсия дода мешавад. Либоси миллӣ метавонад якранг ё гуногунранг бо нақшу нигори миллӣ бошад.
Пӯшидани слансӣ, иринка ва калӯш тавсия дода намешавад.

Пӯшидани пойафзоли пошнадор ё бепошна тавсиа дода мешавад.
Калӯш хайр – кафши пошнабаланд салом
30-
40
30-40
сола
Рангҳои мувофиқ барои ин синну сол на танҳо сиёҳу хокистарӣ буда метавонад, балки дигар рангҳо ҳам қобили қабул аст. Рангҳои равшанро метавон танҳо дар ҷойҳои мувофиқ истифода кард.
Ҳангоми интихоби либос барои ид ва дигар ҳамоишҳои расмӣ пӯшидани либосҳои миллӣ тавсия дода мешавад. Занон метавонанд аз либосҳои якранг ё рангоранг бо нақшу нигори миллӣ истифода баранд.
Синни соли миёна – ранги равшан
Шиори занони миёнсол ҳангоми интихоби ранги либос: ранги равшантар – 10 сол ҷавонтар мекунад.
40-50
Либоси мувофиқ –либоси классикӣ мебошад. Куртаи тоҷикӣ дар шакли классикӣ барои ҳар зан мувофиқ мебошад.
Барои занони 40 сола либосҳои танг ва фаҳӯллибос мувофиқ намебошанд. Инчунин бояд аз либосҳои нимостини нимшаффофу дорои нақшунигорҳои ҷилодор худдорӣ кард.
40-
50
40-50
сола
Пас аз сини 50 солагӣ бояд аз пӯшидани шим ва ҷинс даст кашид. Ба занон пӯшидани куртаву домани аз зону дароз тавсия дода мешавад. Ин тарзи либоспӯшӣ метавонад занро нозук нишон диҳаду камбудиҳои баданро пинҳон кунад.
Куртаи тоҷикӣ бо нақшу нигори миллӣ барои занон дар ин сину сол хело зебанда аст. Рӯймол бояд мувофиқи курта интихоб шавад.
Курта ва камзӯлча – тавсияи тароҳ
+50
+50
сола
Тарзи духти костюм ва камзӯл метавонанд гуногун бошанд. Беҳтар аст, рангҳои торикро интихоб кард.
Пойафзол бояд мувофиқ бошад – пойафзоли сабук пошнапаст ва ё кафшҳои классикӣ. Аз слансӣ, иринка, ва калӯш бояд худдорӣ карда шавад.
+
50
Made on
Tilda