Бисёр пушаймонам, ки имкониятҳои худро қадр накардам. Ҳам корманди давлатии болаёқату муваффақ, ҳам сокини оддӣ ҳама дар назди қонун баробаранд. Ман дар кору зиндагиям бисёр муваффақ будам, аксарият маро мешинохтанд. Аммо рӯзе тасмим гирифтам, ки тиҷорат кунам. Аввал ҳамааш хуб буд, вале баъд ба қарз ғӯтидам. Аз ҳукми зиндонам як соли дигар мондааст. Бесаброна ҳамон рӯзро интизорам. Ман дар ҳаминҷо дарк кардам, ки озодӣ чист.