Фаризаи Ҳаҷ яке аз аркони дини мубини Ислом буда, бар касоне, ки барои рафтан ба хонаи Каъба тавоноии молӣ дошта бошанд, фарз мебошад
Ҳаҷ дар луғат ба маънои қасд намудан барои амри бузург буда, дар истилоҳи шариат ба маънои зиёрати макони махсус бо афъоли махсус дар замони махсус мебошад.
Ҳаҷи Умраро ба таври ифрод дар тамоми авқоти сол метавон анҷом дод, ҳамон гуна ки онро дар зимни барномаи Ҳаҷҷи таматтӯъ ва қирон дар мавсими Ҳаҷ низ метавон анҷом дод.
Ҳаҷ дар луғат ба маънои қасд намудани чизи азим ва боаҳамият аст ва дар истилоҳи шариати Ислом ба маънои қасди Байтул –л-лоҳи – л-Ҳарам, дар Макка ба манзури ибодат мебошад.
Ҳаҷ:
чиро бояд анҷом
дод ва чиро не

Ҳангоми адои маносики Ҳаҷ дар кӯчаҳо танҳо гаштан роиҷ нест - шумо метавонед бо мушкилиҳое рӯ ба рӯ шавед, ки яке аз онҳо надонистани забони арабӣ аст
Ҳангоми адои Ҳаҷ ба ҳар як гурӯҳи иборат аз 50 нафар як роҳбар таъин мекунанд. Ӯ ҳоҷиёнро дар адои маносики Ҳаҷ роҳбаладӣ мекунад
Пешгирии бемориҳо
Ҳоҷиёнро пеш аз сафар аз бемории зуком ва менингит эм мекунанд
Ҳангоми адои Ҳаҷ дашном додан, суханҳои қабеҳ гуфтан ва ҳатто овоз баланд кардан мамнӯъ аст
Ҳоҷи бояд ором бошад
Ба мусалмони ноболиғ сафари Ҳаҷ иҷоза нест
Сафар ба Ҳаҷ танҳо пас аз гирифтани шиноснома иҷоза дода мешавад
Зан бояд танҳо ба зиёрати Ҳаҷ наравад
Занҳоро бояд нафаре аз наздикон – шавҳар, писар, падар ё бародар ҳамроҳӣ кунанд
Либоси махсус
Пӯшидани Эҳром ҳатмист
Нӯшидани шароб қатъиян манӯъ аст
Пеш зиёрати Ҳаҷ инсон бояд на танҳо худро руҳан тоза намояд, балки аз лиҳози ҷисмонӣ низ бояд тоза шавад. Нушидани машрубот қатъиян манъ аст. Инчунин аз кашидани сигору нос низ бояд худдорӣ кард
Ба беморон иҷозаи сафар ба Ҳаҷ дода намешавад
Ба шахси бемор адои Ҳаҷ то тамоман сиҳат шудан мумнӯъ аст
Алоқаи ҷинсӣ манъ аст .
Ҳатто зану шавҳар якҷо ба сафари Ҳаҷ бармада бошанд ҳам, ба онҳо муносибатҳои зану шавҳарӣ мамнӯъ мешавад
Шикор низ манъ аст.
Барои ҳоҷиён куштани ҳайвонот дар умум мамнӯъст

Аз нигоҳи ман, гуфтаи пайғамбар Муҳаммад (с)-ро дар мавриди Ҳаҷ – "Ҳаҷ ин Арафа аст" бояд дуруст тавзеҳ дод. Мӯҳтавои зиёрати Ҳаҷ низ дар ҳамин аст. Дар Арафа дар як рӯз ва дар як ҷо миллионҳо мусалмон аз тамоми гирду гӯшаи ҷаҳон ҷамъ меоянд.

Дамир Муҳиддинов
Фақеҳи ислом, муовини аввали Раёсати мусалмонони Русия
Барои маълумоти бештар аксро пахш кунед
Эҳром гирифтан — яъне маросими эҳром баҷо овардан ҳам аз ҷиҳати рӯҳӣ ва ҳам аз ҷиҳати ҷисм (бадани хеш), ки барои ин бояд баъдан пурра тоза бошад (ғусл) ва пӯшидани либосҳои махсус. Мардон, ду матои оддии сафед: яке пойҳоро ки аз сон то зону мепӯшонад, дигаре ба китфи чап гузошта мешавад. Ин либосҳо ифодаи рамзи покии ният ва баробарии тавофон дар назди Парвардигор аст
Дар рӯзи ҳафтуми Зулҳиҷҷа – ҳоҷиён аввалин тавофи Каъбаро анҷом медиҳанд. Ҳоҷиён пойлуч ва аз пои рост вориди масҷид – Алҳаром мешаванд
Саъй баъди тавофи Каъба анҷом дода мешавад
Замзам — чоҳ ё чашмаи обе дар Макка, дар шарқи хонаи Каъба, ки бар асоси таълимоти ислом, аз нишонаҳои қудрати Худованд ва осори табаррук дар он сарзамин ба шумор меравад.
Рӯзи Арафа, яъне 9 Зулҳиҷҷа (як рӯз пеш аз иди Қурбон) вуқуф (истодан) дар Арафот барои ҳар як ҳоҷӣ фарз аст ва аз рукнҳои муҳимтарини Ҳаҷ ба ҳисоб меравад.
Сангзанӣ ба шайтон — ҳоҷиён баъд аз тавофи Каъба ба Мино бармегарданд ва дар рӯзҳои ёздаҳум ва дувоздаҳум баъд аз заволи офтоб ба шайтон санг мепартояд. Сангзаниро аз Ҷамраи Суғро (рамзи хурди шайтон), ки наздик ба масҷиди Хиф аст, шурӯъ карда, ба Ҷамраи Вусто (рамзи миёнаи он) мегузарад ва ниҳоятан, дар Ҷамраи Кубро (бузург) ба охир мерасонад.
Сипас, ҳоҷиён ба қурбонгоҳ рафта, гӯсфанд ё шутур қурбонӣ мекунанд. Аз ҳар гурӯҳ намоянда рафта мувофиқи рӯйхат чорворо забҳ менамоянд. Баъди қурбонӣ ҳоҷиён мӯи сари худро кӯтоҳ мекунанд. Пас аз кӯтоҳ кардан ё тарошидани мӯи сар ҳоҷиён аз иҳром мебароянд.
Тавофи охирини Каъба (Таваф ал-Вада)
Ҳаҷ – ин ҳолати махсус аст. Пайғамбар Муҳаммад (с) гуфтааст, ки агар одам бо дили пок маносики Ҳаҷро адо кунад, тамоми гуноҳҳояш мағфират мешаванд (агар аз сидқи дил тоба кунад). Одамон маҳз барои ҳамин ба Арафот мераванд, то бо Худованд гуфтугӯ кунанд, то аз Худованди бузург дархост кунанд, ки тамоми гуноҳҳояшонро бубахшад. Кӯҳ- ҷоест, ки одамони болиғ пас аз омадан ва намоз гузоштан гиря мекунанд.

Ҳоҷи Исмоил Пирмуҳаммадзода
Коршиноси улуми исломӣ
Муҳаррир: Анастасия Лебедева Тарроҳ: Данияр Асылбек уулу
Made on
Tilda