Душанбе: |
Агар шахс аз падару модар, бузургони гузаштаи худ ифтихор дорад, он гоҳ ҳар сокини Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии комил дорад, ки бо номи ватан ва пойтахти он шаҳри Душанбе ифтихор дошта бошад. Зеро Душанбе гаҳвораи эҳёи миллати тоҷик, ягонагии ормонҳои тоҷикон ва ҳамаи тоҷикистониён мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон
Фурудгоҳи Душанбе
Дар соли 1924 сохта шудааст, аммо танҳо аз соли 1964 ба таври ҳамешагӣ ва ҳамарӯза фаъолиятӣ мусофиркашонияшро ба роҳ мондааст. Он вақт ҷой доштани бандари ҳавоӣ дар пойтахти Тоҷикистон, ҳамчун нуқтаи аввалин барои пайвастани Иттиҳоди Шӯравӣ ба Афғонистон ва Ҷануби-Шарқи Осиё бисёр муҳим буд.
Шакли Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар соли 2014 бо сохта ба истифода додани терминали дуюм тағйир ёфт. Дар бунёд ва лоиҳасозии он ташкилоти фаронсавӣ ширкат карда буд.
Собиқ бинои Бонки миллии Тоҷикистон
Собиқ бинои Бонки миллии Тоҷикистон, ҳатто ба шахсоне, ки онро аз пеш надидаанд шинос аст, чунки аксаш дар пули 3 сомонӣ нақш ёфтааст.
Хусусияти фарқкунандаи ин бино дар нақшу нигор ва гаҷкориҳои пурмазмун, даромадгоҳи чаҳоркунҷа, шакли тирезаҳо, ки махсусан симои биноро ҷиддӣ нишон медиҳанд, аст.
Бинои Комитети Марказии партияи коммунистии Тоҷикистон
Ин бино дар соли 1957 дар асоси лоиҳаи меъмори моҳир, Стефан Анисимов сохта шудааст. Бунёди он маънои анҷоми лоиҳаҳои сохтмонии сталинӣ дар меъмории шаҳри Душанберо дорад.
Баъзе сокинони пойтахт ин биноро зеботарин бинои даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон медонанд, ки бо ӯ танҳо чойхонаи "Роҳат" рақобат карда метавонад. Бояд гуфт, ки Комитети марказӣ ба ҷуз таҳкурсии зебои худ, ҳамчунин бо хусусиятҳои шарқиёнаи омезишёфта бо лавҳаҳои классикӣ, аз биноҳои сохташудаи солҳои 30-50-уми асри гузашта фарқ дорад. Ҳуҷраҳои шашгӯша, панҷараҳои нақшунигорёфтаи болои бом ва шакли тирезаҳои қабатҳоии болоии бино симои масҷидҳои пурнақшунигори Самарқанду Бухоро ва манотиқи форсро ба ёд меоваранд.
Донишгоҳи давлати омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Бинои Донишгоҳи давлати омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ соли 1931 сохта шудааст.
Ин боз як намунае аз биноҳои нақшавӣ бо усулҳои меъмории даврони Шӯравӣ аст. Ин даргоҳи илм чанд маротиба тағйири ном кардааст. Дар аввал Институти педагогии Сталинобод ном дошт, баъдан Институти педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко ва ниҳоят соли 2011 ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ табдил дода шудааст.
Бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дар баробари бинои Ҳукумат, бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз намунаи меъмориҳои зебои классикаи сталинӣ дар Душанбе мебошад.
Таносуби якхелаи аркҳои оинаҳо симои биноро зебо ва хело диданибоб нишон медиҳад. Пурра бо хишти сурх бардоштани бино, ин хусусияти меъмории он замон аст. Услуби меъмории он замон баъди сари Сталин якчанд соли дигар (то охири солҳои 50-ум) давом карданд. Баъди солҳои 50-ум лоиҳаҳои биноҳо дар шакли оддӣ ва барои омма пешбинӣ мешуданд.
Бинои Вазорати фарҳанг
Сохтмони бинои Вазорати фарҳанг дар асоси лоиҳаҳои меъмории Алексей Покровский дар соли 1940 ба анҷом расидааст. Ба гуфтаи таърихшинос Гафур Шерматов бунёди ин сохтмон маънои гузариш аз услуби меъмории оқилонаи даврони Шӯравӣ ба "услуби калон"-ро (нимаи дуюми солҳои 30- 50-ум) дошт.
Дар симои зоҳирии ин меъморӣ элементҳои классикӣ мавҷуданд – таносуби ҳуҷраҳо, долонча ва ранги сафеду зардчатоб, ки хоси меъмории асри XVIII рус мебошад, нишонаи он аст.
Нагардам сер аз рӯйи Душанбе,
Нигоҳам меравад сӯйи Душанбе.
Ба мақсад мерасад оне ки нӯшид,
Гулоби синаи ҷӯйи Душанбе.
Халқӣ
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Cохтмони бино соли 1934 ба анҷом расидааст.
Дар ҳамин бино то соли 2013 Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзод – яке аз расомони машҳури форсу-тоҷики Ҳирот, ҷой дошт. Хусусиятҳои фарқкунандаи ин бино дар бурҷҳои тарафҳои чапу рост ва бурҷи мобайнӣ, ки бо акси соат нақошӣ шудааст, мебошанд. Аммо бадбахтона ин бино дар рӯйхати биноҳое, ки хезонда мешаванд – ба мисли Театри ба номи Маяковский ва бинои Ҳукумат ҷой дода шудааст.
Почтаи марказӣ
Дар ҷойи почтаи марказӣ аз соли 2014 инҷониб бинои баландошёнае қомат афрохтааст.
Мисли дигар биноҳои сохташуда, дар асоси меъмории солҳои 20-уми даврони Шӯравӣ Почтаи марказӣ бо усулҳои хоси он замон сохта шуда буд.
Собиқ бинои Филармония давлатӣ
Дар асоси меъмории солҳои баъдини даврони сталинӣ бо услуби классикаи нав сохта шудааст. Ҳоло дар ин бино шабакаи телевизиони "Сафина" ҷойгир шудааст.
Мутаасифона ин бино низ дар рӯйхати биноҳое, ки мувофиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе хезонда мешаванд, қарор дорад.
Хиёбони Рӯдакӣ
Кӯчаи асосии пойтахт мебошад, ки дарозияш 10 километрро ташкил медиҳад.
Махсусан ҳамаи дастовардҳои соҳаи меъмории пойтахт дар ҳамин хиёбон ҷойгир шудаанд ва шаҳри Душанбе маҳз аз ҳамин кӯча ба ҳар тараф паҳн шуданро оғоз кардааст.
Аммо мутаасифона баъди хезонидани як қатор биноҳои таърихии шаҳри Душанбе шакли ин хиёбони марказӣ тағйир меёбад.
Шаҳри паймони ман, Душанбе,
Фахри даврони ман, Душанбе.
Пояи ваҳдати тоҷикон,
Дар дилу ҷони ман, Душанбе.
Халқӣ
Муҳарир: Рубен Гарсия
Тарроҳ: Данияр Асылбек уулу
Суратгир: Амир Исаев
Расмҳо аз бойгонии таърихшинос Ғафур Шерматов
Made on
Tilda