Ҳавопаймои РН-5 бо сабаби тирагии обу ҳаво натавонист дарвозаи Рӯшон яке аз хавфноктарин қисмати масири Хоруғ-Сталинободро убур кунад. Сарнишин тасмим гирифт дарвозаро бо баромадан ба баландии болотар пушти сар кунад, аммо роҳро гум карда, ба кӯҳпорае бархӯрд. РН-5 даруни барфтӯда афтида, мусофиронаш осеби ҷиддӣ надиданд. Сарнишин ва мусофирони РН-5 дар баландии 4500 метр дар шароити бисёр сахт асири кӯҳҳои касногузар шуданд. Баъди машварати кӯтоҳ чанд нафар тасмим гирифтан поини кӯҳ фароянд ва барои наҷот додани зан бо ду кудакаш наҷотдиҳандаҳоро равон намоянд. Аммо онҳо вақте поин омаданд аз зан бо ду кӯдакаш фармуш кардан. Зан баъд аз 85 рӯз наҷот ёфт. Дар рӯзҳое, ки зан мунтазири наҷот буд, фарзандонаш фавтиданд ва ӯ барое, ки зинда монад фарзандҳои фавтидаашро истеъмол карда аст